Бақайдгири

Қоидаи бақайдгирӣ

1. Барои иштирок дар бозиҳо бо бастани шартбандӣ, бозингар бояд дар низом ба қайд гирифта шавад. Ҳангоми бақайдгирӣ ҳатман нишон дода мешаванд:

  • Ном (насаб ва номи воқеии Муштарӣ).
  • Ташкилкунанда ҳангоми бақайдгирӣ маълумоти шахсиро тафтиш намекунад ва барои дурустии онҳо Муштарӣ масъул мебошад. Маълумоти дар низом нишондодашуда бояд бо маълумотҳои ҳуҷҷати шахсияти Муштариро тасдиқкунанда (шаҳодатномаи шаҳрванди ҶҚ, шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, билети ҳарбӣ) комилан мувофиқат кунанд. Агар навишти номи Шумо дар ҳуҷҷати интихобкардаатон бо ҳарфҳои лотинӣ ба расмият дароварда шуда бошад, пас бақайдгирӣ дар сомона бояд ҳамин тавр ба расмият дароварда шавад, агар навишти ном дар ҳуҷҷат бо ҳарфҳои кирилликӣ ба расмият дароварда шуда бошад, пас бақайдгирӣ дар низом бояд ҳамин тавр тартиб дода шавад. Агар пас аз бақайдгирӣ дар низом Шумо дар маълумоти худ нодуруст будани онро пай баред, Шумо бояд бо дархост барои ислоҳи ном ба Ташкилкунанда муроҷиат намоед.
  • E-Mail (суроғаи почтаи электронӣ барои робитаи мутақобил бо бозингар ҳангоми бақайдгирӣ, ворид намудан ва гирифтани маблағҳои пулӣ аз тарафи бозингар лозим аст);
  • Ном дар низом (login);
  • Гузарвожа (password);
  • Гузарвожа барои гирифтани пул аз суратҳисоб (account password).

2. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки бақайдгирии довталабро рад намояд, инчунин ҳар гуна суратҳисоби ҷории муштариро кадом вақте хоҳад бидуни ягон шарҳ ё асосноккунии чунин қарор маҳкам намояд. Дар ин ҳолат, ҳамаи амалиётҳо дар суратҳисоб, ба истиснои гирифтани пул, баста мешаванд.

3. Ширкати букмекерии Tennisi.tj ба ду ва зиёда иштирокчиён тавсия намедиҳад, ки ба қайд гирифта шаванд ё бо хешовандон, ҳамнасабон, аз як суроғаи IP (аз як компютер ё аз як шабакаи маҳаллӣ) шартбандиҳоро банданд, зеро амалиёти мазкурро ҳамчун созиш дар бозӣ ва додани идоракунии суратҳисоб ба як шахс ҳисоб кардан мумкин аст, ки ин манъ аст. Дар чунин ҳолатҳо, имконияти бозӣ карданро Шумо бояд пешакӣ бо Ташкилкунанда мувофиқа намоед.

4. Дар сурати агар муштарӣ бомуваффақият ба қайд гирифта шавад ба ӯ рақами ягонаи мушаххас (рақами суратҳисоби бозӣ) - ID дода мешавад, ки барои иштирок дар ҳама гуна шартбандиҳо, инчунин барои идоракунии суратҳисоб истифода бурда мешавад.

5. Дар ҳолати вайрон кардани бандҳои II.13 - III.3, Ташкилкунанда ҳуқуқи бастани суратҳисоб ва беэътибор донистани ҳамаи шартбандиҳоро дорад.

Пурра хонед Қоидаҳои қиморбозии Ширкати букмекери Tennisi.