Қоидаҳои пур кардан ва гирифтани маблағ
1. Муштарӣ метавонад маблағҳои пулии худро дар суратҳисоб озодона ихтиёрдорӣ намояд, ҳар вақт онро пур намояд ва дар ҳар лаҳза барои гирифтани онҳо дархост гузорад.
2. Муштарӣ тасдиқ мекунад, ки ӯ дар бораи имконнопазирии бекор кардани пардохт (refund ва chargeback) пас аз бастани шартбандиҳо огоҳ карда шудааст, зеро далели бастани шартбандиҳо ин далели хизматрасонӣ ба муштарӣ мебошад.
3. Барои баъзе усулҳои пуркунӣ / гирифтани маблағ ба манфиати амалгари низоми пардохтии интихобшуда, ситонидани комиссия импконпазир аст. Ташкилкунанда аз пардохтҳо ба манфиати худ комиссия намеситонад.
4. Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, аммо ӯҳдадор нест, ки усулҳои эҳтимолии гирифтани маблағҳоро бо усуле, ки маблағҳо ворид карда шуда буданд, маҳдуд намояд. Дар сурати агар усули пуркунии маблағ имконияти гирифтани маблағҳоро дар назар надошта бошад, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқи интихоби ҳар гуна усули ба ӯ мувофиқро барои гирифтани маблағҳо дорад.
5. Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, аммо ӯҳдадор нест, ки дар сурати пуркунии маблағҳо бо усулҳои гуногун, баровардани онҳоро бо ҳамон усулҳо дар ҳаҷме, ки ба воридкунии маблағҳо аз рӯи ҳар як усул роста мутаносиб мебошанд, маҳдуд намояд.
6. Агар Ташкилкунанда аз суратҳисоби бозӣ ягон шубҳа дошта бошад (шикаста кушодани суратҳисоб, сохтакории маълумот, бақайдгирии дубора, вайрон кардани Қоидаҳои мазкур ва ғайра), ӯ ҳуқуқ дорад бо мақсади муайян намудани с оҳиби воқеӣ ва идоракунандаи воқеии суратҳисоб, расмиёти таҳқиқи суратҳисоби бозиро амалӣ намояд ва амалиётҳоро дар суратҳисоби бозӣ дар вақти гузаронидани расмиёти таҳқиқ боздорад. Дар ин ҳолат, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, ки бидуни фаҳмондани ягон сабаб, баровардани маблағҳои пулиро бо ҳама гуна усули ба ӯ муносиб, ки ба кафолати дурустии маълумоти шахсии соҳиби суратҳисоб имкон медиҳад, маҳдуд намояд. Дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа оид ба додани суратҳисоб, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, ки барои бартараф кардани чунин шубҳаҳо чораҳо андешад. Ин чорабиниҳо (бо салоҳдиди ширкат) иборатанд аз: мусоҳибаҳо дар дафтари ширкат, мусоҳибаҳо бо истифода аз SKYPE. Дар сурати тасдиқ намудани далели шикаста кушодани суратҳисоб/ сохтакории маълумот/супурдан/ бақайдгирии дубора (аз он ҷумла бо номи нав), Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад шартбандиҳоеро, ки аз ҳамон суратҳисоб баста шудаанд, новобаста аз вақти бастани шартбандӣ беэътибор ҳисобад.
7. Пас аз тасдиқи хадамоти амният, Муштарӣ дархостро фавран барои гирифтани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб бо роҳи барои ӯ мувофиқ ё бо салоҳдиди ширкати букмекерӣ бо дарназардошти бандҳои 5.5, 5.6 Қоидаҳо ирсол карда метавонад.
8. Бо воридкунии маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби бозӣ, муштарӣ розӣ мешавад, ки ҳадафи ягонаи воридкунии маблағҳои пулӣ бо мақсади ба даст овардани бурд, ин бастани шартбандӣ бо ташкилкунанда мебошад. Истифодаи маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоби бозиҳо мавҷуданд барои ягон мақсадҳои дигар (интиқоли маблағҳо, бадал кардан, мубодила, ҷамъоварии маблағҳо, пардохти музди меҳнат, воридкунӣ/ баровардан бо мақсади гирифтани комиссияи агент) манъ аст. Муштарӣ розӣ аст, ки агар Ширкати букмекерӣ шубҳа дошта бошад, ки маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби бозӣ бо мақсади таъиншуда истифода бурда намешаванд, ӯ ҳуқуқ дорад усулҳои гирифтани маблағро, ки ба муштарӣ дастрасанд маҳдуд намояд ва/ё аз ӯ ҳаҷми пурраи комиссияро, ки аз тарафи ташкилкунанда пардохт карда шудааст, боздорад.
9. Хароҷоти комиссияҳои пардохтӣ барои ҳисоббаробаркунӣ байни Ташкилкунанда ва Иштирокчии шартбандӣ (муштарӣ) аз тарафи иштирокчии шартбандӣ адо карда мешавад.
10. Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, вале ӯҳдадор нест, ки ин ё дигар хароҷоти Муштариро аз рӯи хароҷоти комиссионӣ дар доираи иқдомҳои мегузашта ва созишномаҳо бо ташкилотҳои пардохтӣ (агентиҳои пардохтӣ) ҷуброн намояд.
11. Дар сурати вайрон кардани Қоидаҳои мазкур аз тарафи иштирокчии шартбандиҳо (аз ҷумла бақайдгирии такрорӣ, бастани шартбандиҳо ба "вохӯриҳои аҳду паймоншуда", вайрон кардани қоидаҳои гардиши маблағҳои пулии пуркардашуда ва ғайра), Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ усулҳои гирифтани маблағро, ки ба муштарӣ дастрасанд маҳдуд намояд, инчунин аз он ҳаҷми пурраи комиссияеро, ки Ташкилкунанда бо роҳи ислоҳ кардани суратҳисоби бозӣ ё боздоштани комиссия ҳангоми гирифтани маблағҳои пулӣ ҷуброн кардааст, боздорад.
12. Агар Муштарӣ ҳамчун иштирокчии иқдоми аз тарафи Ташкилкунанда пешниҳодшуда бошад ё агар Ташкилкунанда ба Муштарӣ комиссияи агентиро аз ташкилотҳо (агентиҳои) пардохтӣ ҷуброн намояд, пас барои бемамониат баровардани маблағҳо тавсия дода мешавад, ки пас аз ҳар як воридкунии маблағҳо ҳадди ақалл 100% -и маблағҳои пулиро аз маблағи пуркардашуда бо таносуби на камтар аз 1,40 гардиш диҳад. Дар ҳолати иҷро нашудани шартҳои мазкур, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад аз амалҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур истифода намояд.
Қоидаи қиморбозии ШК Tennisi пурра хонед.