Марафони баҳорона!

 ШАРТҲОИ ИҚДОМ

 

Истифодабарандагони дар tennisi.tj бақайдгирифташуда, инчунин шартбандиҳои аз рӯи кортҳои маҳфилӣ дар хазинаҳои нуқтаҳои қабули шартбандиҳо ва дӯкончаҳо гузошташуда, дар бозии тӯҳфаҳо ширкат варзида метавонанд. Маҳдудияти синну сол - 18 сола ва аз он боло. Шартбандиҳое, ки аз рӯи хат ё дар пахши мустақим гузошта шудаанд, дар бозӣ иштирок менамоянд. Шумо бо шартҳои зерин ба шартбандӣ шурӯъ карда ва барои ҳар як шартбандӣ купонҳо ба даст оварда метавонед:

 

  • Шартбандии якка ба маблағи 40 сомонӣ бо таносуби 1,40 ва болотар

  • Шартбандии омехта ба маблағи 20 сомонӣ бо таносуби 1,80 ва болотар

  • Дар зер мисолҳои ҳисобҳои купонҳо оварда шудаанд:

  • Шартбандии якка 100 сомонӣ барои таносуби > 1,40 = 2 купон

  • Шартбандии омехта 100 сомонӣ барои таносуби > 1,80 = 5 купон

 

Шартбандиҳои дар иқдом ширкаткунанда дар саҳифаи бозӣ дар ҷадвали "Купонҳои ман" намоиш дода мешаванд.

 

Фонди умумии мукофотӣ дар ҳаҷми 180 000 сомонӣ мувофиқи шартҳои зерин бозӣ карда мешавад:

 

Ҳар 15 рӯз - 30 000 сомонӣ

ҷои 1-ум 15000 сомонӣ

ҷои 2-юм 5000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 4-ум 2000 сомонӣ

ҷои 5-ум 2000 сомонӣ

ҷои 6-ум 1000 сомонӣ

ҷои 7-ум 1000 сомонӣ

ҷои 8-ум 1000 сомонӣ

 

БАРОИ ИШТИРОК НАМУДАН ДАР ИҚДОМ

 

  1. Дар сомонаи www.tennisi.tj аз қайд гузаред ё худро ба қайд гиред ё дар нуқтаҳои қабули шартбандиҳо корти маҳфилиро ба даст оред;

  2. Барои иштирок дар иқдом розигӣ диҳед;

  3. Ба шартбандии якка (дар пахши мустақим/аз рӯи хат) бо маблағи 40 сомонӣ ва бо таносуби на камтар аз 1,40 шартбандӣ намоед;

  4. Ба шартбандии омехта (дар пахши мустақим/аз рӯи хат) бо маблағи 20 сомонӣ ва бо таносуби на камтар аз 1,80 шартбандӣ намоед;

  5. Купонҳоро ҷамъ намоед ва дар бозӣ иштирок намоед!

 

Бозӣ дар 6 давр баргузор мегардад:

Даври №1 – санаи 17.03 соли 2022 дар YouTube канали TENNISI TJ, тӯҳфаҳои пулӣ дар пахши мустақим байни иштирокчиёне, ки аз соати 00:00 санаи 01.03 соли 2022 то соати 23:59 санаи 15.03 соли 2022 купон гирифтаанд, бозӣ карда мешавад.

Даври №2 - санаи 04.02 соли 2022 дар YouTube канали TENNISI TJ, тӯҳфаҳои пулӣ дар пахши мустақим байни иштирокчиёне, ки аз соати 00:00 санаи 16.03 соли 2022 то соати 23:59 санаи 31.03 соли 2022 купон гирифтаанд, бозӣ карда мешавад.

Даври №3 – санаи 17.04 соли 2022 дар YouTube канали TENNISI TJ, тӯҳфаҳои пулӣ дар пахши мустақим байни иштирокчиёне, ки аз соати 00:00 санаи 04.01 соли 2022 то соати 23:59 санаи 15.04 соли 2022 купон гирифтаанд, бозӣ карда мешавад.

Даври №4 – санаи 05.02 соли 2022 дар YouTube канали TENNISI TJ, тӯҳфаҳои пулӣ дар пахши мустақим байни иштирокчиёне, ки аз соати 00:00 санаи 16.04 соли 2022 то соати 23:59 санаи 30.04 соли 2022 купон гирифтаанд, бозӣ карда мешавад.

Даври №5 - санаи 17.05 соли 2022 дар YouTube канали TENNISI TJ, тӯҳфаҳои пулӣ дар пахши мустақим байни иштирокчиёне, ки аз соати 00:00 санаи 05.01 соли 2022 то соати 23:59 санаи 15.05 соли 2022 купон гирифтаанд, бозӣ карда мешавад.

Даври №6 - санаи 02.06 соли 2022 дар YouTube канали TENNISI TJ, тӯҳфаҳои пулӣ дар пахши мустақим байни иштирокчиёне, ки аз соати 00:00 санаи 16.05 соли 2022 то соати 23:59 санаи 31.05 соли 2022 купон гирифтаанд, бозӣ карда мешавад.

 

Дар бозиҳо иштирок намо ва яке аз тӯҳфаҳои пулиро бурд намо!

 

ТАФСИЛОТИ ИҚДОМ, ШАРТҲО ВА МУҚАРРАРОТИ ИҚДОМ

 

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Ташкилкунандаи иқдом ҶДММ «ИРСОЛ ТЕНИСИ ТЧ» мебошад. Тамғаи молӣ - "Ширкати букмекерии TENNISI.TJ". Суроғаи ҳуқуқӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум, хонаи 75. Суроға барои мукотибот: шаҳри Душанбе, кӯчаи Умари Хайём, хонаи 34.

  2. Иқдом мувофиқи Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.

  3. Иқдом аз соати 00:00 санаи 01.03 соли 2022 то соати 23:59 санаи 31.05 соли 2022 (бо вақти Душанбе) гузаронида мешавад.

  4. Иқдом дар шабакаи Интернет ва бо шартбандиҳо аз рӯи кортҳои маҳфилӣ дар хазинаҳои нуқтаҳои қабули шартбандиҳо ва дӯкончаҳо гузаронида мешавад.

  5. Иқдом лотерея намебошад, мақсади ба даст овардани фоида ё даромади дигарро надорад ва мувофиқи Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад. Тамоми фонди мукофотии иқдом аз ҳисоби Ташкилкунанда ташаккул ёфта, ба баланд бардоштани таваҷҷӯҳ ба фаъолияти Ташкилкунандаи иқдом нигаронида шудааст.

 

ШАРТҲОИ ИШТИРОК ВА ГУЗАРОНИДАНИ ИҚДОМИ «МАРАФОНИ БАҲОРОНА»

  1. Шаҳрвандони мукаллафи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 18-солагӣ расидаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд ва дар сомонаи www.tennisi.tj аз қайд гузаштаанд, ё ки кортҳои маҳфилиро ба даст овардаанд барои иштирок намудан дар иқдом иҷозат дода мешаванд.

  2. Ҳамаи иштирокчиёне, ки шартбандии намудаашон бо шартҳои иқдом дар давраи иқдом мувофиқат мекунанд, дар иқдом иштирок менамоянд.

  3. Иштирокчиёне, ки ба рӯйдодҳои шартбандии якка ё шартбандии омехта (дар пахши мустақим/аз рӯи хат) шартбандӣ намудаанд, ба иқдом иҷозат дода мешаванд. Купонҳои иштирокчиён аз лаҳзаи оғози иқдом ҷамъ мешаванд.

  4. Маблағи ҳадди ақал ба шартбандии якка (дар пахши мустақим/аз рӯи хат) барои иштирок дар иқдом 40 (чил) сомонӣ, таносуби шартбандӣ на камтар аз 1,40 мебошад.

  5. Маблағи ҳадди ақал ба шартбандии омехта (дар пахши мустақим/аз рӯи хат) барои иштирок дар иқдом 20 (бист) сомонӣ, таносуби шартбандӣ на камтар аз 1,80 мебошад.

 

МИСОЛ

  • Иштирокчӣ ба рӯйдоде (бо таносуби 1,40) ба маблағи 100 сомонӣ шартбандии якка намудааст. Шартбандӣ ҳамчун бурднок/бохташуда ҳисоб карда шуда бошад. Иштирокчӣ 2 купон мегирад.

  • Иштирокчӣ ба рӯйдоде (бо таносуби 1,80) ба маблағи 100 сомонӣ шартбандии омехта намудааст. Шартбандӣ ҳамчун бурднок/бохташуда ҳисоб карда шуда бошад. Иштирокчӣ 5 купон мегирад.

  1. Ҳар як шартбандӣ (шартбандии якка ё шартбандии омехта (дар пахши мустақим/аз рӯи хат)), ки ба шартҳои иқдом мувофиқат менамояд, ба иштирокчӣ купон меорад.

  2. Ҳамаи шартбандиҳое, ки барои онҳо купонҳо ҳисоб карда шудаанд, дар саҳифаи бозӣ дар ҷадвали “Купонҳои ман” нишон дода мешаванд.

  3. Бозӣ дар байни ҳамаи иштирокчиёне, ки шартҳои иқдомро иҷро кардаанд, гузаронида мешавад.

  4. Тӯҳфаҳои ҳар як даври иқдом инҳоянд:

ҷои 1-ум 15000 сомонӣ

ҷои 2-юм 5000 сомонӣ

ҷои 3-юм 3000 сомонӣ

ҷои 4-ум 2000 сомонӣ

ҷои 5-ум 2000 сомонӣ

ҷои 6-ум 1000 сомонӣ

ҷои 7-ум 1000 сомонӣ

ҷои 8-ум 1000 сомонӣ

  1. Тӯҳфаҳо ба ғолибони иқдом дар давоми 3 рӯзи корӣ аз рӯзи муайян намудани ғолибон тақсим карда мешаванд.

  2. Барои иштирок дар иқдом, як иштирокчӣ танҳо аз як ҳисоби бозӣ дар сомонаи www.tennisi.tj ва танҳо аз як корти маҳфилӣ истифода бурда метавонад.

  3. Тавассути иштирок дар иқдом, иштирокчӣ ба таври худкор бо қоидаҳои мазкур, инчунин дигар қоидаҳо ва низомномаҳое, ки тартиби иштирок намуданро дар шартбандӣ дар ширкати букмекерии TENNISI.TJ муайян мекунанд, розӣ мешавад.

Барои иштирок намудан дар иқдом, як иштирокчӣ танҳо аз як ҳисоби бозӣ ва танҳо аз як корти маҳфилӣ истифода бурда метавонад. Агар ҳисобҳо /бақайдгирии такрории як истифодабаранда ошкор гарданд, шартбандиҳо аз чунин ҳисобҳо ҳангоми ҷамъбасти натиҷаҳои иқдом ба назар гирифта намешаванд.

  1. Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад бидуни нишон додани сабабҳо тавассути ҳатман огоҳонидани иштирокчиёни иқдом, шартҳои иқдоми мазкурро бозхонад ё тағир диҳад.

Дуруст огоҳонидани иштирокчиёни иқдом дар бораи мавҷудияти иловаҳо (тағйирот) ба қоидаҳои мазкур ин ҷойгиркунии ин маълумот дар сомонаи www.tennisi.tj мебошад.

 

ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ҒОЛИБОНИ БОЗӢ

 

  1. Иқдом гузаронидани бозиҳоро дар 6 давр дар бар мегирад.

  2. Ғолибони бозӣ дар канали YouTube TENNISI TJ дар пахши мустақим муайян карда мешаванд.

Даври №1 – санаи 17.03 соли 2022;

Даври №2 – санаи 02.04 соли 2022;

Даври №3 – санаи 17.04 соли 2022;

Даври № 4 – санаи 02.05 соли 2022;

Даври № 5 – санаи 17.05 соли 2022;

Даври № 6 – санаи 02.06 соли 2022.

  1. Ғолиби аввал тавассути тартиб додани рақами купон аз тӯбҳои кашидашуда бо рақамҳои аз 0 то 9 бо тартиби тасодуфӣ муайян карда мешавад.

Пуркунӣ аз рақами охирини рақами купон сурат мегирад.

  1. Тӯҳфаҳо аз рӯи тартиби қатъии дар бандҳои 9 ва 10 боби 2 ҳамин қоидаҳо муайяншуда аз оғози ҷои 1-ум бозӣ карда мешаванд.

  2. Баровардани тӯбҳо то лаҳзаи муайян шудани ягона мувофиқ омадани мансубаи бурдноки купон бо пойгоҳи купонҳои сардодашуда сурат мегирад.

  3. Иштирокчии бозӣ аз ҳар як бозӣ на бештар аз як тӯҳфа мегирад.

Мисол.

Ҳангоми гузаронидани бозӣ аз рӯи иқдом аввал рақами купон, соҳиби тӯҳфаи асосӣ 15 000 сомонӣ муайян карда мешавад. Агар ғолиби он иштирокчии дорои ID123456 шавад, ки ба ғайр аз купони бурднок як қатор купонҳоро дошта бошад, пас ҳамаи рақамҳои боқимондаи купонҳои иштирокчии дорои ID123456 барои тӯҳфаҳои минбаъда даъво намекунанд. Агар ҳангоми муайян кардани ягон тӯҳфаи минбаъда, купон бо рақами ба иштирокчии дорои ID123456 додашуда, муайян карда шавад, пас ин рақам аз нав бозӣ карда мешавад.

  1. Купонҳои иштирокчии бозӣ танҳо дар он давре иштирок мекунанд, ки дар муддати он гирифта шудаанд.

  2. Бозии купон метавонад пеш аз мӯҳлат ба анҷом расад, агар рақами навбатии дар тӯб афтида, мансубаи рақами купонро ташкил намояд, ки дар феҳристи купонҳои дар байни иштирокчиён тақсимшуда ягона мувофиқат намояд.

Мисол.

Агар ҳангоми тартиб додани рақами купон, чӣ тавре ки дар банди 4 ҳамин боб нишон дода шудааст, рақамҳои 6, 5, 8, 6, 2 пай дар пай афтанд ва дар байни ҳамаи купонҳо танҳо якто бошад, ки бо рақамҳои ...26856 ба охир расад, пас бозии тӯҳфаи мазкур қатъ мегардад ва чунин купон бурднок дониста мешавад.

  1. Ташкилкунандаи иқдом масъул намебошад барои:

1) аз ҷониби иштирокчӣ нагирифтани огоҳинома дар бораи ғалаба дар иқдом бинобар нишон додани маълумоти нодуруст, аз ҷумла дар бораи маълумоти суроғаи иштирокчӣ ва (ё) рақами тамоси телефони ӯ, суроғаи электронии ӯ;

2) барои камбудиҳо дар кори амалгарони алоқа, ки бевосита ба иштирокчиёни иқдом хизмат мерасонанд, барои корношоямии низом ва дигар камбудиҳои техникии таҳвилгари интернети иштирокчии иқдом;

3) дар сурати рух додани ҳолатҳои рафънопазир.

  1. Ташкилкунанда андози даромадро тибқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи нигоҳ доштани андоз аз тӯҳфаҳои пулӣ пардохт менамояд.

 

ТАРТИБИ КОРКАРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

 

  1. Далели иҷрои амалҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур ин розигии иштирокчӣ барои коркарди маълумоти шахсӣ, ки аз ҷониби ӯ ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод гардидааст, дар доираи гузаронидаи иқдом аз ҷониби худи Ташкилкунанда ё ашхоси ҷалбкардаи ӯ ба таври қатъӣ мувофиқи мақсадҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур мебошад.

  2. Мақсадҳои коркарди маълумоти шахсӣ:

1) гузаронидани иқдом мувофиқи Қоидаҳои мазкур ва қонунгузории амалкунанда;

2) иҷрои ўҳдадориҳои агенти андоз аз ҷониби Ташкилкунанда;

3) истифодаи маълумот барои ирсоли SMS-паёмакҳо, таблиғ ва мукотиба аз Ташкилкунанда ё шахсони аз ҷониби ӯ оид ба иқдоми мазкур ваколатдоршуда тавассути шабакаҳои алоқаи электронӣ;

4) истифодаи ҳарфҳои ибтидоӣ (ном, номи падар, насаб), санаи таваллуд, тасвирҳо, маводи аксу видео, инчунин мусоҳибаҳо ва дигар маводҳо дар бораи ғолибон бо мақсади таблиғотӣ ва дигар мақсадҳои тиҷоратӣ, ки барои пешбурд дар бозори хизматрасонӣ мусоидат мекунанд, ки барои таблиғи он иқдом равона карда шудааст.

  1. Рӯйхати маълумоти шахсии аз ҷониби иштирокчӣ пешниҳодшуда ва аз ҷониби Ташкилкунанда ё шахсони ҷалбкардаи ӯ коркардшуда, бо маълумоте, ки иштирокчӣ ҳангоми бақайдгирӣ дар сомонаи www.tennisi.tj ворид кардааст, маҳдуд карда мешавад.

  2. Рӯйхати амалҳо бо маълумоти шахсии аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодшаванда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» муайян карда мешавад.

  3. Интиқоли фаромарзии маълумоти шахсӣ дар доираи гузаронидани иқдом амалӣ карда намешавад, маълумоти шахсӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард ва нигоҳ дошта мешавад.

 

МУҚАРРАРОТИ ДИГАР

 

  1. Ҳамаи вазъиятҳои баҳснок оид ба ҳуқуқи иштирок намудан дар иқдом ва ҳамаи масъалаҳои марбут ба гирифтани тӯҳфа аз ҷониби Ташкилкунанда ҳал карда мешаванд.

No questions yet.