Ширкати букмекерии "TENNISI.TJ"

Солҳои 2009-2022 с.

    Қоидаҳои ширкати букмекерии TENNISI.TJ

   

Мундариҷа:

1. Истилоҳот ва таърифҳои асосӣ.

2. Муқаррароти умумӣ.

3. Бақайдгирии муштарӣ.

4. Суратҳисоби бозӣ.

5. Қоидаҳои пур намудан ва гирифтани маблағҳо.

6. Мукофотпулиҳо ва иқдомҳо.

7. Тартиби ҳалли баҳсҳо.

8. Бозии масъулиятнок.


1. Истилоҳот ва таърифҳои асосӣ.Наверх

Маълумотҳои иҷозатдодашуда/бақайдгирифташуда - маълумотҳоянд, ки барои гузаронидани тасдиқи асолат имкон медиҳанд, ки дар лаҳзаи бақайдгирии утоқи шахсӣ аз ҷониби муштарӣ дода шудаанд. Маълумотҳои иҷозатдодашуда/бақайдгирифташуда зикр нагашта аз воридшавӣ ба низом ва гузарвожаи муштарӣ иборат мебошанд. Намудҳои дигари маълумотҳои иҷозатдодашуда/бақайдгирифташударо бо мувофиқаи Муштарӣ бо ширкати букмекерӣ истифода бурдан мумкин аст.

Ширкати букмекерӣ ё ташкилкунанда - Ширкати букмекериест, ки ташкилкунандаи қабули шартбандиҳо мебошад.

Мукофотпулиҳо – «тӯҳфаҳое» мебошанд, ки ба Муштарӣ ҳамчун ҳадя дар ҳама гуна шакл пешниҳод карда мешаванд: маблағи мукофоти пулӣ (илова ба маблағи бурдҳо) ё зиёд намудани таносуб дар асоси иқдомҳое, ки аз ҷониби ширкати букмекерӣ гузаронида мешаванд.

Таҳқиқи муштарӣ – дар ҳолати зарурӣ, ширкати букмекерӣ дар ҳар вақти дилхоҳ расмиёти таҳқиқ (таҳқиқи такрории) Муштариро гузаронида, ҳуҷҷатҳои иловагиро, ки шахсият ва маълумоти шахсии ҷории тасдиқкунандаи Муштарӣ, инчунин гузаронидани видеоконфронсро бо Муштарӣ тавассути Skype, мусоҳиба дар дафтари ширкат, мусоҳиба дар нуқтаи қабули шартбандиро талаб карда метавонад. Рӯйхати ҳуҷҷатҳои иловагӣ иборатанд аз (вале бо ин маҳдуд намешаванд): акс ва/ё видеои рақамӣ, ки дар он муштарӣ бо шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ, шаҳодатномаи таваллуд, шиносномаи байналмилалӣ, ҳисобфактураҳо барои хизматрасонии коммуналӣ, иқтибоси бонкӣ аз рӯи суратҳисоб/корт ва ҳуҷҷатҳои дигар сабт шудааст. Муҳлатҳои таҳқиқи ҳисоби бозӣ аз ҷониби ширкати букмекерӣ бо тартиби инфиродӣ барои ҳар як ҳисоби бозӣ муқаррар карда мешавад. Дар давраи гузаронидани расмиёти таҳқиқ амалиёт дар утоқи шахсии Муштарӣ боздошта мешавад ва/ё шартбандӣ манъ карда мешавад ва қабули шартбандиҳо аз чунин Муштарӣ боздошта мешавад. Дар ҳолатҳои даст кашидани Муштарӣ аз гузаштани расмиёти таҳқиқ, тасдиқ шудани далелҳои қаллобӣ ё вайрон намудани Қоидаҳои шартбандӣ аз ҷониби Муштарӣ, аз ҷумла сабти бақайдгирии зиёд, истифодаи ҳама гуна нармафзор барои автоматикунонии шартбандиҳо, агар суратҳисоби бозӣ барои анҷом додани шартбандӣ ва дигар маҳсулоти пешниҳоднамудаи ширкати букмекерӣ истифода бурда нашавад, сӯиистифода аз барномаҳои дурусткорӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шартбандӣ беадолатона эътироф шудааст, ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад:

  • чунин амалҳоро қатъ намуда, ҳангоми содир намудани кирдори қаллобӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд, инчунин ба дигар мақомоти салоҳиятдор маълумот ирсол намояд;
  • дар бораи бекор намудани ҳамаи шартбандиҳо аз ҷониби Муштарӣ қарор қабул намояд ва аз пардохти маблағҳои беинсофона бадастомада даст кашад;
  • шартбандии бо Муштарии мазкур басташударо беэътибор дониста, аз шартбандӣ даст кашад, шартбандиҳои қаблан басташударо бо таносуби «1» ҳисоб намояд ва аз пардохти бурд аз рӯи чунин шартбандӣ даст кашад.

Дар сурати нагузаштани Муштарӣ аз санҷиш ва/ё видеоконфронс дар давоми 30 (сӣ) рӯзи тақвимӣ аз санаи дархости ширкати букмекерӣ бо ҳар сабаби дилхоҳе, ки ба ширкати букмекерӣ вобаста намебошад, ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад шартбандиро беэътибор ҳисобад (бекор намояд), инчунин ҳисоби шахсии Муштариро бидуни ҳуқуқи минбаъдаи дастрасӣ ба он аз ҷониби Муштарӣ маҳкам намояд.

Гузаронидани санҷиш аз ҷониби ширкати букмекерӣ набояд аз 3 (се) моҳ аз санаи оғози чунин санҷиш зиёд бошад. Дар ҳолатҳои истисноӣ, мӯҳлати гузаронидани санҷиш метавонад аз ҷониби ширкати букмекерӣ зиёд карда шавад. Пеш аз ба итмом расидани санҷиш, ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад ҳисоби Муштариро маҳкам намояд.

Натиҷа - яке аз имконоти имконпазири пешгӯии анҷоми рӯйдод мебошад, ки муштарӣ ба он шартбандӣ карда  метавонад.

Таносуби бурд - рақамест, ки ба он маблағи шартбандӣ ҳангоми муайян намудани маблағи пардохт ба иштирокчии шартбандӣ зарб карда мешавад.

Утоқи шахсӣ - барномаест барои компютер, ки интерфейси он дар шабакаи интернет дар сомонаи ширкати букмекерӣ ҷойгир ва дастрас буда, тавассути барнома барои дидани сомонаҳои интернетӣ (браузер) инъикос мегардад, ки ба Муштарӣ имкон медиҳад, ки бо хатти шикрати букмекерӣ шинос шавад, шартбандӣ ва дигар чизҳоеро, ки дар ин Қоидаҳо пешбинӣ шудаанд, анҷом диҳад. Дастрасӣ ба утоқи шахсӣ бо истифода аз маълумотҳои иҷозатдодашуда /бақайдгирифташуда сурат мегирад.

Шарт кардан – шартномаест, ки таваккалӣ асосёфта аз ҷониби иштирокчиён байни худ ё бо Ташкилкунанда оид ба натиҷаи рӯйдод баста мешавад, ки бурдеро дар назар дорад, ки дар он онҳо иштирок намекунанд.

Пур кардани маблағ – ворид намудани маблағҳои пулӣ, бе муайян намудани шартҳои шартбандӣ, ки минбаъд муайян карда мешаванд.

Истифодабарандаи утоқи шахсӣ – Муштариест, ки барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоти иҷозатдодашуда/бақайдгирифташудаи худ пурра масъул мебошад. Ба истифодабарандаи утоқи шахсӣ додани маълумоти иҷозатдодашуда/бақайдгирифташуда ба шахсони сеюм, аз ҷумла ба хешовандон, шиносон манъ аст; аз нав аз қайд гузаштан ба ҳайси муштарии нав, аз он ҷумла бо нишон додани маълумотҳои дигари бақайдгирӣ (бо номи нав, корти нав, ҳуҷҷати нави шахсият ва ғайра) бе мувофиқаи хаттӣ бо ширкати букмекерӣ манъ аст; иҷозат додан ба шахсони сеюм барои истифодаи ҳуҷраи шахсии Муштарӣ, анҷом додани ҳама гуна амалиёт дар он (шартбандиҳо, гирифтани бурдҳо, иштирок намудан дар шартбандӣ ва ғайра) манъ аст.

Қоидаҳои қабули шартбандиҳо ва ҳисоб кардани бурдҳо – қоидаҳоест, ки тартиби қабули шартбандиҳо ва ҳисоб намудани бурдҳоро дар ширкати букмекерӣ муайян намуда, қисми таркибии қоидаҳои ширкати букмекерӣ мебошанд.

Нуқтаи қабули шартбандиҳо (НҚШ) - ҷойест, ки шартбандиҳо қабул карда мешаванд, бурдҳо аз рӯи онҳо пардохт карда мешаванд, яъне хазинаи ширкати букмекерӣ мебошад.

Натиҷаи шартбандӣ (бурд, бохт, баргардондан) - бо натиҷаи варзишии рӯйдод (вохӯрӣ) мувофиқи қоидаҳои қабули шартбандиҳо ба ин намуди варзиш муайян карда мешавад.

Рӯйдод - ҳама гуна мусобиқаҳои варзишӣ (вохӯрӣ, мусобиқа, дав, пойга ва ғайра) бо натиҷаи қаблан номаълум, ки барои натиҷаҳои он, Ташкилкунанда шартбандиҳоро қабул мекунад.

Шартбандӣ - маблағҳои пулие мебошанд, ​​ки ташкилкунанда аз суратҳисоби муштарӣ аз ҳисоб баровардааст ва ҳамчун шарт барои иштирок дар шартбандӣ тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ташкилкунанда хизмат мекунад.

Маблағи шартбандӣ - маблағест, ки муштарӣ ба намуди интихобшудаи шартбандӣ мегузорад.

Иштирокчии шартбандӣ (муштарӣ) – шахси воқеиест, ки дар шартбандӣ иштирок намуда, шартномаи дар асоси хатар асосёфтаро оид ба бурд бо Ташкилкунанда мебандад. Шахсони ба синни 21-сола нарасида, ҳамчун Муштариён буда наметавонанд.

 

 

2. Муқаррароти умумӣ.Наверх

2.1 Қоидаҳои мазкур ҳамаи муносибатҳои дигарро байни иштирокчиёни қиморбозӣ – ширкати букмекерӣ ва муштарӣ танзим ва муайян мекунанд.

2.2 Қоидаҳои мазкур аз 15 ноябри соли 2013 эътибор пайдо мекунанд.

2.3 Ширкати букмекерӣ ба чорабиниҳои варзишӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар қаламрави ягон кишвари ҷаҳон баргузор мешаванд, шартбандӣ менамояд. Ҳамаи шартбандиҳо танҳо тибқи Қоидаҳои мазкур баста мешаванд. Қиморбозӣ танҳо дар асоси шартҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур гузаронида мешавад.

2.4 Ҳолатҳои баҳсноке, ки дар Қоидаҳо пешбинӣ нашудаанд, аз ҷониби Ташкилкунанда ба таври инфиродӣ баррасӣ карда мешаванд.

2.5 Шартбандиҳо танҳо бо шахсоне баста мешаванд, ки бо Қоидаҳои муқаррарнамудаи ширкати букмекерӣ розӣ ҳастанд. Ҳар гуна шартбандӣ аз ҷониби Муштарӣ тасдиқи бечунучарои он аст, ки Муштарӣ ин ва дигар Қоидаҳои муқаррарнамудаи ширкати букмекериро медонад ва бо онҳо розӣ аст. Муштарӣ барои надонистани Қоидаҳо ҳангоми шартбандӣ масъул аст. Ҳар гуна шартбандӣ аз ҷониби Муштарӣ тасдиқи он аст, ки хизматрасонӣ пурра ва дуруст пешниҳод шудааст. Даъвоҳо оид ба сифати хизматрасонӣ пас аз шартбандӣ қабул карда намешаванд.

2.6 Шартбандиҳо бо шахсоне баста мешаванд, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидаанд ва бо Қоидаҳои пешниҳодшуда ва муқаррарнамудаи ширкати букмекерӣ розӣ ҳастанд. Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, аз шартбандӣ бо ягон шахс бидуни нишон додани сабабҳо даст кашад. Ширкати букмекерӣ нисбат ба дақиқ маълум намудан ва ё баъдан муайян шудани он, ки шартбандӣ бо вайрон намудани Қоидаҳо сурат гирифтааст ҳеҷ гуна масъулиятро ба дӯш намегирад.

2.7 Ба истифодабарандаи утоқи шахсӣ додани маълумоти иҷозатдодашуда/бақайдгирифташуда ба шахсони сеюм, аз ҷумла ба хешовандон, шиносон манъ аст; аз нав аз қайд гузаштан ба ҳайси муштарии нав, аз он ҷумла бо нишон додани маълумотҳои дигари бақайдгирӣ (бо номи нав, корти нав, ҳуҷҷати нави шахсият ва ғайра) бе мувофиқаи хаттӣ бо ширкати букмекерӣ манъ аст; иҷозат додан ба шахсони сеюм барои истифодаи ҳуҷраи шахсии Муштарӣ, анҷом додани ҳама гуна амалиёт дар он (шартбандиҳо, гирифтани бурдҳо, иштирок намудан дар шартбандӣ ва ғайра) манъ аст. Ба як шахси воқеъӣ иҷозат дода мешавад, ки танҳо як суратҳисоби бозӣ дошта бошад.

2.8 Бақайдгирӣ ва қабули шартбандиҳо аз шахсоне, ки ба натиҷаҳои рӯйдодҳое, ки шартбандӣ мешаванд, таъсир мерасонанд, ва иштирокчиён/ташкилкунандагон/вазифадорони ин рӯйдодҳо ё рӯйдодҳои дигари варзишии таҳти сарпарастии ҳамон федератсияи варзишӣ мебошанд, инчунин аз номи ин шахсон амал мекунанд, манъ аст. Бақайдгирӣ ва қабули шартбандиҳо аз шахсоне, ки манфиатҳои ширкатҳои букмекериро намояндагӣ мекунанд, манъ аст.

2.9 Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад бидуни огоҳонидани пешакӣ ҳамагуна тағйироту иловаҳоро ба Қоидаҳо, низомномаҳои дар ин ҷо муқарраршуда ва ба тартиби гузаронидани пардохтҳо ворид намояд. Дар баробари ин, шартҳои шартбандиҳои қаблан басташуда бетағйир боқӣ мемонанд.

2.10 Ширкати букмекерӣ барои ҳама гуна зиён ё талафоте, ки дар натиҷаи иштирок намудан дар қиморбозӣ расонида шудааст, ягон масъулият надорад.

2.11 Қоидаҳои мазкур аз 15 ноябри соли 2013 эътибор пайдо кардаанд ва шартҳо, тартиби кушодан ва идоракунии суратҳисоби маблағҳои пулии муштарӣ, тартиби бастани шартбандиҳо дар шакли қабули шартбандиҳо, тартиби пардохти бурдҳо, усулҳои ҳалли баҳсҳо, хусусиятҳои бастани шартбандиҳо ба намудҳои алоҳидаи шартбандиҳо ва намудҳои варзишро муайян менамоянд.

2.12 Ширкати букмекерӣ ҳуқуқи илова кардан ва тағир додани бандҳои мавҷудаи Қоидаҳоро бо салоҳдиди худ нигоҳ медорад. Шартҳои шартбандиҳои пештар басташуда бетағйир боқӣ мемонанд.

 

 

3. Бақайдгирии муштарӣ.Наверх

3.1 Барои шартбандӣ намудан, Муштарӣ бояд дар сомона аз қайд гузарад. Ҳангоми бақайдгирӣ ҳатман нишон дода мешаванд:

      • Ном (насаб ва номи воқеии Муштарӣ);
      • Ташкилкунанда ҳангоми бақайдгирӣ маълумоти шахсиро тафтиш намекунад ва барои дурустии онҳо Муштарӣ масъул мебошад. Маълумоти дар низом нишондодашуда бояд бо маълумотҳои ҳуҷҷати шахсияти Муштариро тасдиқкунанда (шиноснома) комилан мувофиқат кунанд. Агар пас аз бақайдгирӣ дар низом Муштарӣ дар маълумоти худ нодуруст будани онро пай барад, ӯ бояд бо дархост барои ислоҳ намудан ба Ташкилкунанда муроҷиат намояд;
      • E-mail (суроғаи почтаи электронӣ барои робитаи мутақобил бо муштарӣ лозим аст);
      • Ном дар низом (login);
      • Гузарвожа (password);
      • Гузарвожа барои гирифтани пул аз суратҳисоб (account password);
      • Саволи назоратӣ ва ҷавоб ба саволи назоратӣ (барои муайян намудани муштарӣ дар сурати фаромӯш кардани гузарвожа лозим аст).

3.2 Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад, ки бақайдгирии довталабро рад намояд, инчунин ҳар гуна суратҳисоби ҷории муштариро кадом вақте хоҳад бидуни ягон шарҳ ё асосноккунии чунин қарор маҳкам намояд. Дар ин ҳолат, ҳамаи амалиётҳо дар суратҳисоб, ба истиснои гирифтани пул, баста мешаванд.

3.3 Ширкати букмекерии Tennisi.tj ба ду ва зиёда иштирокчиён тавсия намедиҳад, ки ба қайд гирифта шаванд ё бо хешовандон, ҳамнасабон, аз як суроғаи IP (аз як компютер ё аз як шабакаи маҳаллӣ) шартбандиҳоро банданд, зеро амалиёти мазкурро ҳамчун созиш дар бозӣ ва додани идоракунии суратҳисоб ба як шахс ҳисоб кардан мумкин аст, ки ин манъ аст. Дар чунин ҳолатҳо, имконияти бозӣ карданро Шумо бояд пешакӣ бо Ташкилкунанда мувофиқа намоед.

3.4 Дар сурати агар муштарӣ бомуваффақият ба қайд гирифта шавад ба ӯ рақами ягонаи мушаххас (рақами суратҳисоби бозӣ) - ID дода мешавад, ки барои иштирок дар ҳама гуна шартбандиҳо, инчунин барои идоракунии суратҳисоб истифода бурда мешавад.

3.5 Дар ҳолати вайрон кардани бандҳои II.13 - III.3, Ташкилкунанда ҳуқуқи бастани суратҳисоб ва беэътибор донистани ҳамаи шартбандиҳоро дорад.

 

 

4. Суратҳисоби бозӣ.Наверх

4.1 Барои ҳар як муштарии ба қайдгирифташуда, суратҳисоби бозӣ кушода мешавад. Ҳама маълумот дар бораи суратҳисоби муштарӣ ва идоракунии он дар қисми «Суратҳисоби Шумо» амалӣ карда мешавад.

4.2 Ҳолати ҷории суратҳисоби муштарӣ дар қисми «Суратҳисоби Шумо» инъикос меёбад.

4.3 Ҳама амалиётҳои муштарӣ дар ширкати букмекерӣ (шартбандиҳои басташуда, бурдҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда) дар қисми «Суратҳисоби Шумо» дар «Таърихи суратҳисоб» инъикос меёбад.

4.4 Бақайдгирии шартбандиҳо ҳангоми бастани шартбандиҳо дар сомона аз тарафи муштарӣ рӯй медиҳад ва дар «Таърихи суратҳисоб» ва «Таърихи амалиёти» муштарӣ инъикос меёбад.

4.5 Бақайдгирии шартбандӣ ҳангоми дар суратҳисоби муштарӣ мавҷуд будани маблағи кофӣ бо роҳи аз суратҳисоб ҳисоб карда баровардани маблағи шартбандӣ сурат мегирад.

4.6 Муштарӣ барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоти иҷозатдодашуда/бақайдгирифташудаи худ масъулияти пурра дорад. Ташкилкунанда барои оқибатҳои дар натиҷаи ба дасти ашхоси бегона расидани маълумоти муштарӣ, ки барои ворид шудан ба сомонаи Ташкилкунанда зарур аст, масъул намебошад. Гум шудани гузарвожа барои бекор кардани шартбандиҳо ё бекор кардани дархост барои пардохти бурдҳо сабаб шуда наметавонад. Ҳамин ки муштарӣ дар бораи гум шудани маълумоти шахсӣ огоҳ шавад (ё шубҳа пайдо кунад), гузарвожа бояд фавран иваз карда шавад ва Ташкилкунандаро огоҳ намояд.

4.7 Барои баланд бардоштани амният, тавсия дода мешавад, ки барои гирифтани пул аз суратҳисоб аз гузарвожаи алоҳида истифода баред ва инчунин гузарвожаҳоро давра ба давра иваз намоед. Шумо гузарвожаҳоро дар қисми "Танзимот» тағир дода метавонед.

 

 

5. Шартҳои пур намудан ва гирифтани маблағҳо.Наверх

5.1 Муштарӣ метавонад маблағҳои пулии худро дар суратҳисоб озодона ихтиёрдорӣ намояд, ҳар вақт онро пур намояд ва дар ҳар лаҳза барои гирифтани онҳо дархост гузорад.

5.2 Муштарӣ тасдиқ мекунад, ки ӯ дар бораи имконнопазирии бекор кардани пардохт (refund ва chargeback) пас аз бастани шартбандиҳо огоҳ карда шудааст, зеро далели бастани шартбандиҳо ин далели хизматрасонӣ ба муштарӣ мебошад.

  • Барои баъзе усулҳои пуркунӣ / гирифтани маблағ ба фоидаи амалгари низоми пардохтии интихобшуда, ситонидани комиссия мумкин аст. Ташкилкунанда наметавонад аз пардохтҳо ба фоидаи худ комиссия ситонад.
  • Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, аммо ӯҳдадор нест, ки усулҳои эҳтимолии гирифтани маблағҳоро бо усуле, ки маблағҳо ворид карда шуда буданд, маҳдуд намояд. Дар сурати агар усули пуркунӣ имконияти гирифтани маблағҳоро дар назар надошта бошад, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқи интихоби ҳар гуна усули ба ӯ мувофиқро барои гирифтани маблағҳо дорад.
  • Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, аммо ӯҳдадор нест, ки дар сурати пуркунии маблағҳо бо усулҳои гуногун, баровардани онҳоро бо ҳамон усулҳо дар ҳаҷме, ки ба воридкунии маблағҳо аз рӯи ҳар як усул роста мутаносиб мебошанд, маҳдуд намояд.
  • Агар аз суратҳисоби бозӣ Ташкилкунанда ягон шубҳа дошта бошад (шикаста кушодани суратҳисоб, сохтакории маълумот, бақайдгирии дубора, вайрон кардани Қоидаҳои мазкур ва ғайра), ӯ ҳуқуқ дорад бо мақсади муайян намудани соҳиби воқеӣ ва идоракунандаи воқеии суратҳисоб, расмиёти таҳқиқи суратҳисоби бозиро амалӣ намояд ва амалиётҳоро дар суратҳисоби бозӣ дар вақти гузаронидани расмиёти таҳқиқ боздорад. Дар ин ҳолат, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, ки бидуни фаҳмондани ягон сабаб, баровардани маблағҳои пулиро бо ҳама гуна усули ба ӯ муносиб, ки ба кафолати дурустии маълумоти шахсии соҳиби суратҳисоб имкон медиҳад, маҳдуд намояд. Дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа оид ба додани суратҳисоб, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, ки барои бартараф кардани чунин шубҳаҳо чораҳо андешад. Ин чорабиниҳо (бо салоҳдиди ширкат) иборатанд аз: мусоҳибаҳо дар дафтари ширкат, мусоҳибаҳо бо истифода аз SKYPE. Дар сурати тасдиқ намудани далели шикаста кушодани суратҳисоб/ сохтакории маълумот/супурдан/ бақайдгирии дубора (аз он ҷумла бо номи нав), Ташкилкунанда ҳуқуқ дорад шартбандиҳоеро, ки аз ҳамон суратҳисоб баста шудаанд, новобаста аз вақти бастани шартбандӣ беэътибор ҳисобад.
  • Пас аз тасдиқи хадамоти амният, Муштарӣ метавонад фавран дархостро барои гирифтани маблағҳои пулӣ аз суратҳисоб бо роҳи барои ӯ мувофиқ ё бо салоҳдиди ширкати букмекерӣ бо дарназардошти бандҳои V.5, V.6 Қоидаҳо ирсол намояд.
  • Бо воридкунии маблағҳои пулӣ ба суратҳисоби бозӣ, муштарӣ розӣ мешавад, ки ҳадафи ягонаи воридкунии маблағҳои пулӣ бо мақсади ба даст овардани бурд, ин бастани шартбандӣ бо ташкилкунанда мебошад. Истифодаи маблағҳои пулие, ки дар суратҳисоби бозиҳо мавҷуданд барои ягон мақсадҳои дигар (интиқоли маблағҳо, бадал кардан, мубодила, ҷамъоварии маблағҳо, пардохти музди меҳнат, воридкунӣ/ баровардан бо мақсади гирифтани комиссияи агент) манъ аст. Муштарӣ розӣ аст, ки агар Ширкати букмекерӣ шубҳа дошта бошад, ки маблағҳои пулӣ аз суратҳисоби бозӣ бо мақсади таъиншуда истифода бурда намешаванд, ӯ ҳуқуқ дорад усулҳои гирифтани маблағро, ки ба муштарӣ дастрасанд маҳдуд намояд ва/ё аз ӯ ҳаҷми пурраи комиссияро, ки аз тарафи ташкилкунанда пардохт карда шудааст, боздорад.
  • Хароҷоти комиссияҳои пардохтӣ барои ҳисоббаробаркунӣ байни Ташкилкунанда ва Иштирокчии шартбандӣ (муштарӣ) аз тарафи иштирокчии шартбандӣ адо карда мешавад.
  • Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, вале ӯҳдадор нест, ки ин ё дигар хароҷоти Муштариро аз рӯи хароҷоти комиссионӣ дар доираи иқдомҳои мегузашта ва созишномаҳо бо ташкилотҳои пардохтӣ (агентиҳои пардохтӣ) ҷуброн намояд.
  • Дар сурати вайрон кардани Қоидаҳои мазкур аз тарафи иштирокчии шартбандиҳо (аз ҷумла бақайдгирии такрорӣ, бастани шартбандиҳо ба "вохӯриҳои аҳду паймоншуда", вайрон кардани қоидаҳои гардиши маблағҳои пулии пуркардашуда ва ғайра), Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ усулҳои гирифтани маблағро, ки ба муштарӣ дастрасанд маҳдуд намояд, инчунин аз он ҳаҷми пурраи комиссияеро, ки Ташкилкунанда бо роҳи ислоҳ кардани суратҳисоби бозӣ ё боздоштани комиссия ҳангоми гирифтани маблағҳои пулӣ ҷуброн кардааст, боздорад.
  • Агар Муштарӣ ҳамчун иштирокчии иқдоми аз тарафи Ташкилкунанда пешниҳодшуда бошад ё агар Ташкилкунанда ба Муштарӣ комиссияи агентиро аз ташкилотҳо (агентиҳои) пардохтӣ ҷуброн намояд, пас барои бемамониат баровардани маблағҳо тавсия дода мешавад, ки пас аз ҳар як воридкунии маблағҳо ҳадди ақалл 100% -и маблағҳои пулиро аз маблағи пуркардашуда бо таносуби на камтар аз 1,40 гардиш диҳад. Дар ҳолати иҷро нашудани шартҳои мазкур, Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад аз амалҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур истифода намояд.

 

 

6. Мукофотпулиҳо ва иқдомҳо.Наверх

6.1 Ташкилкунандаи шартбандӣ ҳуқуқ дорад бо салоҳдиди худ намудҳои гуногуни иқдомҳоро гузаронад.

6.2 Ҳар як муштарӣ дар иқдом ба таври худкор иштирок мекунад. Аз рӯи натиҷаҳои иқдоми гузаронидашуда, Ташкилкунанда ба Муштарӣ мукофотпулиҳо (бонусҳо) ҳисоб мекунад.

6.3 Мукофотпулиҳо метавонанд дар шакли маблағҳои пулӣ ё ба таври дигар ҳисоб карда шаванд.

6.4 Ҳисоб кардани мукофотпулиҳо дар утоқи шахсии Муштарӣ инъикос меёбад.

6.5 Агар муштарӣ бо натиҷаи иқдомҳои гузаронидашуда розӣ набошад, онҳо метавонанд бо тартиби суд мубоҳиса карда шаванд.

6.6 Муштарӣ аз иштирок дар иқдомҳо ва аз гирифтани мукофотпулиҳо дар шакли хаттӣ даст кашида метавонад.

6.7 Ширкати букмекерӣ дар бораи иқдомҳои баргузоршаванда, шартҳо ва мӯҳлатҳои гузаронидани онҳо иловатан маълумот медиҳад.

6.8 Ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад, ки Муштариро аз шартбандиҳо,чорабиниҳо оид ба бозии тӯҳфаҳо аз ҷониби Ташкилкунанда баргузоршаванда, аз ҷумла иқдомҳои бонусӣ бидуни шарҳи сабабҳо хориҷ намояд.

6.9 Мукофотпулиҳоро аз ҳисоби фонди туҳфавие, ки ширкати букмекерӣ мустақилона ташкил медиҳад, тақсим ва пардохт кардан мумкин аст.

6.10 Дар сурати аз ҷониби Муштарӣ вайрон кардани ҳама гуна муқаррароти Қоидаҳо (масалан, бақайдгирӣ ва барои идоракунӣ додани суратҳисоби худ, бақайдгирии дубора бо мақсади гирифтани мукофотпулиҳо), ширкати букмекерӣ ҳуқуқ дорад ба таври якҷониба пардохтҳои мукофотпулиро барои чунин Муштарӣ бекор намояд.

 

 

7. Тартиби ҳалли баҳсҳо.  Наверх

7.1 Ҳамаи даъвоҳо ва муроҷиатҳо оид ба ҳисоб кардани шартбандиҳои Муштариён ба ширкати букмекерӣ барои баррасӣ танҳо ба суроғаи почтаи электронии Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в вашем браузере должен быть включен Javascript. дар давоми 10 рӯз аз рӯзи ба даст овардани натиҷаи шартбандӣ ва/ё ҳодисае, ки дар натиҷаи он дар Муштарӣ даъво пайдо шудааст, қабул карда мешаванд. Пас аз ин муҳлат ягон даъво кабул карда намешавад. Дар ҳолатҳои баҳснок, ки амсол надоранд, қарори ниҳоӣ аз ҷониби ширкати букмекерӣ қабул карда мешавад. Далели он, ки Муштарӣ ҳар гуна шартбандиро дар ширкати букмекерӣ бастааст, маънои ризоияти бечунучарои Муштариро ба он далел дорад, ки қарори ниҳоӣ оид ба ҳама гуна масъалаи баҳснок аз ҷониби маъмурияти ширкати букмекерӣ қабул карда мешавад ва барои ширкати букмекерӣ ва Муштарӣ ниҳоӣ мебошад.

7.2 Мӯҳлати посухдиҳӣ ба муроҷиат аз рӯзи гирифтани муроҷиат аз ҷониби ширкати букмекерӣ 30 рӯзи тақвимиро ташкил медиҳад.

 

 

8. Бозии масъулиятнок.Наверх

8.1 Ширкати букмекерии Tennisi.tj аз зарари аз ҳад зиёд намудани шартбандӣ пешакӣ огоҳ менамояд.

8.2 Натиҷаи шартбандӣ назар ба маҳорати бозингарон бештар аз тасодуф вобаста аст, дар баробари ин ҳаҷми шартбандиҳо худсарона муайян карда мешавад ва онро аз ҷониби бозингарон иваз кардан мумкин аст, таваҷҷӯҳи асосӣ бошад на ба раванди бозӣ, балки ба натиҷаи он равона карда шудааст. Иштирок дар шартбандӣ танҳо як шакли фароғат буда, на балки роҳи ба даст овардани пул мебошад.

8.3 Бозии масъулиятнок ва мусбӣ қисми сиёсати хизматрасонии муштариёни мост, зеро ширкати букмекерӣ ӯҳдадор аст, ки оқибатҳои иҷтимоии фаъолияти худро бо мақсади мубориза бар зидди мутеъият ба бозӣ  ба инобат гирад ва барои кам кардани оқибатҳои манфии иҷтимоӣ чораҳо андешад.

8.4 Мо ғояҳои бозии солим ва оқилонаро таблиғ менамоем ва ҳамаи қувваамонро сарф менамоем, то ин ки бозиро барои ҳамаи иштирокчиёни шартбандӣ солим, мусбӣ ва шавқовар гардонем. Барои аксарият, бозӣ ҳамчун вақтхушӣ ва фароғат аст, аммо мавҷудияти чунин падидаҳоро инкор кардан номумкин аст, ба монанди:

8.5 аксар вақт шахсони аз 18-сола поён кӯшиш мекунанд, ки ба бозӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

8.6 бозӣ барои баъзе одамон, майли аз ҳад зиёд шуда, онҳоро ба худ  мутеъ мегардонад ва ба ҳаёти онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

8.7 Мо ҳама корро мекунем, то ин гуна муштариён ва инчунин онҳоеро, ки мехоҳанд вақти бозии худро маҳдуд кунанд, муҳофизат намоем. Иштироки шахсони аз 18-сола поён дар бозӣ дар ширкати букмекерӣ манъ аст. Мо кӯдакон ва наврасонро ҷалб намекунем ва тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, ки ба имконияти иштироки шахсони аз 18-сола поёнро дар бозӣ роҳ намедиҳем. Маҳз бо ин мақсад ҳар як Муштарии мо ӯҳдадор аст, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ҳангоми қабули шартбандӣ ё дар ҳолати пайдо шудани шубҳа оиди расидани Муштарӣ ба синни 18-солагӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро пешниҳод намояд. Бо дархости Муштарӣ дар шакли хаттӣ, имкони бастани шартбандӣ барои ӯ баста мешавад.

8.8 Мо тавсия медиҳем, ки худро аз эҳтимолияти пайдоиши мутеъият ба бозӣ муҳофизат намоед ва барои паст намудани хатари пайдоиши мушкилоти марбут ба бозӣ, дар бораи вақтхушиҳои дигар фаромӯш накунед ва бозиро бо машғулиятҳои дигар иваз намоед, то бозӣ қисми аз ҳад зиёди ҳаёти Шумо нагирад. Беҳтар аст, ки ҳангоми ғамгинӣ ё афсурдагӣ бозӣ накунед, зеро он вақт қарорҳои дурустро қабул кардан хеле мушкил аст. Агар Шумо фикр кунед, ки бозӣ ҳаёти Шуморо мушкил менамояд ва ҳамчун вақтхушӣ намегардад, дар ин бора фикр кунед:

  • Оё ҳаёти шахсии Шумо аз ҳаваси бозӣ кардан азоб мекашад?
  • Оё муносибатҳои корӣ, оилавӣ ва дигар муносибатҳои муҳим ба хотири бозӣ зери хатар мемонанд?
  • Оё Шумо метавонед бозиро сари вақт анҷом диҳед ва пулро на ҳамчун воситаи зиндагӣ, балки ҳамчун манбаи бозӣ қабул менамоед?
  • Оё Шумо тез тез бохт менамоед ва барои шартбандӣ пул қарз мегиред?
  • Оё Шумо аз нақшаи кашидаатон зиёдтар бозӣ мекунед?

Агар Шумо ба аксари ин саволҳо ҷавоби мусбӣ диҳед, пас Шумо шояд ба бозӣ мутеъ шуда бошед ва Шумо барои худ маҳдудиятро ба бозӣ муқаррар карда метавонед. Аммо азбаски аз мутеъият баъзан мустақилона халос шудан душвор аст, беҳтар аст, ки ба мутахассиси ин соҳа ё ҷомеаи бозингарони номаълум муроҷиат намоед.

8.9 Мо шартбандиҳои қонуниро дастгирӣ менамоем ва тавассути фаъолияти худ оид ба пешгирӣ ва иттилоотонӣ кӯшиш менамоем хурсандиро аз бозӣ аз рӯи имкон ба миқдори бештари одамон таъмин намоем. Аз ин рӯ, мо тавсия медиҳем, ки тавсияҳо ва қоидаҳои зеринро барои бозии мусбӣ ва масъулиятнок риоя намоед, то аз бозӣ бидуни тарс лаззат баред:

  • Шартбандӣ – ин вақтхушиест, на роҳи ба даст овардани пул аст
  • танҳо дар ҳолати ором ва бо тамаркуз бозӣ намоед
  • ҳангоми бозӣ мунтазам танаффус кунед
  • маҳдудияти имконпазири маблағи моҳонаро барои бозӣ пешакӣ муайян намоед ва танҳо бо маблағе бозӣ намоед, ки барои сарф кардани он Шумо зид нестед
  • сарфи назар аз маҳдудиятҳои мо, аз они худатонро ҳамчун маҳдудият муқаррар намоед ва ҳаҷми онро зиёд накунед
  • пеш аз сар кардани бозӣ, барои худ маблағи бурдро муайян намоед, ки Шумо бо он бозиро ба анҷом мерасонед
  • ҳаҷми бохти имконпазирро пешакӣ муайян намоед
  • ҳеҷ гоҳ дар зери таъсири машрубот ё дору бозӣ накунед
  • барои аз даст додани маблағи на бештар аз маблағи махсус дар бозӣ, на балки хароҷотпулии ҳаррӯза ҳавсала намоед
  • агар рӯҳияи Шумо бад бошад - имрӯз бозӣ накунед
  • барои бозӣ ҳадди муваққатӣ муқаррар намоед
  • дар ҳар сурат барои маблағи бохтаро гашта бурдан кӯшиш накунед.